ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба хотири коҳиши навбатпоии муҳоҷирони корӣ дар маркази Сахаровои Маскав тасмим гирифта шуд, ки даромадгоҳи алоҳида боз шавад.
Феълан он танҳо барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё фаъол хоҳад буд. Ин маънои онро дорад, ки хориҷиён аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон метавонанд аз он истифода кунанд.
Маълум аст, ки даромадгоҳи алоҳидаи "А2" аз 19 феврали соли 2022 фаъолият мекунад.
Ҳамин тариқ ин тадбир барои коҳиши навбатпоӣ дар даромадгоҳ, ки қаблан муҳоҷирони зиёдеро бо мушкил рӯ ба рӯ мекард, кумак хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки аз соли ҷорӣ дар Русия муоинаи ҳатмии тиббӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё ҷорӣ шуд.