ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ҳабибулло Воҳидзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди кишвар мегӯяд, соли 2021 дар Тоҷикистон 4 тоннаю 83 кг 274 гр маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шуд.
Ба иттилои мақомот, аз ин миқдор беш аз ду тоннааш ба Афғонистон рост меояд.
Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бештар дар шашмоҳаи дувум, замоне ки толибон ба қудрат расиданд, афзоиш ёфтааст.
Ҳарчанд ин гурӯҳ дар нахустин рӯзҳои ҳукмронияш гуфта буд, ки алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза хоҳанд кард, аммо коршиносон ба ин ваъдаи онҳо бовар надоранд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, гурӯҳе, ки солиёни зиёд даромади аслияш аз ин манбаъ буд, ба ин зудӣ даст кашиданаш аз қочоқи маводи мухаддир ғайриимкон аст.
Гуфта мешавад, соли 2021 дар Тоҷикистон 8 нафар аз шаҳрвандони Афғонистон ва ду ӯзбекистонӣ дастгир гардидаанд, ки аз онҳо 829 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.
Раҳбари агентӣ гуфт, танҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, 889 кило маводи нашъадор мусодира карда шудааст.
Инчунин дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Панҷ, Шаҳритус, Ҷайҳун ва дигар навоҳие, ки дар сарҳад қарор доранд, маводи нашъадор мусодира гардидааст.
Ин ниҳод мегӯяд, танҳо дар вилояти Хатлон 2 тоннаю 391 кило маводи нашъадор мусодира шудааст, ки 58,6 фоизи маҷмуи маводи мусодирашударо дар бар мегирад.
Ба иттилои СММ, соли 2021 майдони кишти маводи мухаддир дар Афғонистон боз зиёд гашт, ки ҳосили тақрибии он 350 тонна ҳероин гуфта мешавад.