ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо нишони сарисинагии Дипломати моҳири Туркманистон тақдир шуд. Дар ин бора рӯзномаи русизабони ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан" рӯзи шанбе хабар дод.
Ин қарорро Маҷлис, палатаи поёнии парлумони Туркманистон қабул кардааст.
Тибқи ин санад, президент, ки ҳамзамон вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишварро ба уҳда дорад, барои саҳмаш дар таҳкими истиқлол ва бетарафии Туркманистон, сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ба шарафи Рӯзи кормандони дипломатии ин кишвар ба ин нишон мукофотонида шудааст.
Ҳафтае пеш раисҷумҳури Туркманистон гуфта буд, аз андешае пуштибонӣ мекунад, ки роҳ барои раҳбарони ҷавон дар идораи давлатро боз кунад.
Вай нияти "истифодаи таҷрибаи ҳаётӣ ва сиёсии худро дар вазифаи раиси Халқ маслиҳатӣ" эълон кард.
Дар пайи изҳороти Бердимуҳаммадов, рӯзи 12 марти соли ҷорӣ дар Туркманистон баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ эълон шуд.
Номзадҳо ҳоло сабти ном мешаванд, аввалин шуда, писари сарвари ин давлат, муовини нахуствазир Сардор Бердимуҳамедов сабти ном шудааст.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз 14 феврали соли 2007 раисҷумҳури Туркманистон аст ва аз 21 декабри соли 2006 то замони ба қудрат расиданаш иҷрокунандаи вазифаи раҳбари давлат буд.
Ҳамзамон ӯ раиси Девони Вазирон, фармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо рутбаи генерали артиш ва аз 14 апрели соли 2021 раиси палатаи болоии парлумони Туркманистон низ мебошад.