Тоқаев гуфт, фаромӯш кардани саҳми Назарбоев беэҳтиромӣ ба таърих аст

Раисҷумҳури Қазоқистон таъкид кард, ки бахши аъзами мардуми ин кишвар сатҳи зиндагии паст доранд, дар ҳоле ки саҳми аслии сарват дар дасти як гурӯҳи маҳдуд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар бораи нақши президенти нахустин Нурсултон Назарбоев дар рушди Қазоқистон сухан гуфт.
Тоқаев дар шарҳи рӯйдодҳои моҳи январ қайд кард, ки эътирозҳои оммавиро масоили доғи иҷтимоӣ ба миён оварданд.
"Аксари аҳолӣ сатҳи зиндагии паст дорад. Мо бояд ин ҳақиқатро эътироф кунем. Дар баробари ин саҳми аъзами сарвати давлат дар дасти як гурӯҳи маҳдуди одамон аст. Нобаробарӣ афзоиш меёбад. Ин боиси пайдо шудани андешаи эътирозӣ мегардад", - гуфт Тоқаев дар мусоҳиба бо шабакаи миллии Қазоқистон.
Пас аз интиқоди Тоқаев бародари Назарбоев ба хазина 1 миллиард танга интиқол дод
Ӯ афзуд, мутаассифона, Қазоқистон шоҳиди он буд, ки террористҳо ва ҷинояткорон аз норозигии шаҳрвандон истифода кардаанд.
Вай эътироф кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи раисҷумҳури нахустини Қазоқистон андешаҳои мухталиф баён мешавад.
"Чунон ки мегӯянд, чӣ қадар одам, ҳамон қадар андеша. Ман ҳамчун сарвари давлат итминон дорам, ки саҳм ва заҳматҳои Нурсултон Абишевич Назарбоевро дар тӯли ин 30 сол фаромӯш кардан мумкин нест. Ин беэҳтиромӣ ба таърих аст", - афзуд раисҷумҳур.
Ба гуфтаи ӯ, Нурсултон Назарбоев асосҳои давлатдориро поягузорӣ карда, дар таҳкими кишвар саҳми бузург гузоштааст. Мо вазифадорем, ба фаъолияти ӯ баҳои холисона диҳем.

"Агар раисҷумҳури аввал камбудӣ дошта бошад, пас мо бояд онҳоро ҳамчун огоҳӣ ба раҳбарони ҷавон қабул кунем", - идома дод Тоқаев.

Раисҷумҳур гуфт, рӯйдодҳои январ ҳам барои Қазоқистон ва ҳам барои ӯ “дарси бузург” шуданд.
"Мо гуфта метавонем, ки хулосаи дахлдор бароварда шуд. Ин боиси он гардид, ки ҳоло дар мамлакати мо қарорҳои сиёсӣ қабул карда мешаванд. Дар пеш кори бисёре истодааст. Фикр мекунам, ки ҳама инро мебинад ва дарк мекунад”, - хулоса кард президенти Қазоқистон.