Шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро чӣ гуна ҷашн мегирад

Шаҳрдорӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, 23 феврал барои баргузории маросими ҷашнӣ омодагӣ мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Душанбе дар остонаи Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дувумин ҷашнвораи дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни сарбозӣ баргузор мешавад.
Дар мавриди рӯзи 23 феврал дар шаҳрдорӣ гуфтанд, ки тибқи анъана, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.

"Имсол Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар пойтахт ба таври густарда таҷлил мешавад", — гуфтанд дар шаҳрдории Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон.

Бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ рӯзи 17 феврал ҷашнвораи низомии “Ба Ватану халқ содиқона хидмат мекунам” оғоз шуд, ки он дар пойтахт то 22 феврал давом мекунад.
Ин рухдод ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бахшида шудааст. Бо ин ҳадаф аз буҷети шаҳр 105,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 9,5 ҳазор доллар) ихтисос дода шудааст.
Раиси шаҳр ба тамоми масъулин дастур додааст, ки ба чорабинии идона бо риояи чораҳои санитарию эпидемиологӣ омодагӣ гиранд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола рӯзи 23-юми феврал дар майдони Дӯстӣ, дар маркази Душанбе бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як паради идонаи низомӣ баргузор мешавад.