Сарез 111-сола шуд: КҲФ мегӯяд, сатҳи обаш болотар рафтааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон вазъ дар кӯли Сарезро, ки расо 111 соли қабл дар пайи заминҷунбӣ ба вуҷуд омад, шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Сатҳи оби кӯли Сарез феълан 3 ҳазору 258 метр аз сатҳи баҳр мебошад, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта қариби 3 метр баландтар мебошад.
Дар ин бора КҲФ бо нашри як матлаб аз 111-умин солгарди бавуҷудоии ин кӯл хабар додааст. Манбаъ зикр намуд, ки 18 феврали соли 1911 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминларзаи 9-10-баллӣ қисмати кӯҳҳои Музколро болои деҳаи Усой чаппа кардааст. Таъкид шудааст, ки ҳаҷми хоку санги лағжида ба 2,2 млрд метри мукааб баробар буда, Усой бо тамоми аҳолиаш, ҷамъ 51 нафар зери он монд.
КҲФ афзуд, дар натиҷа сарбанде бо баландии аз 550 то 730 метр ва тӯли зиёда аз 5 км ба вуҷуд омада, роҳи дарёи Мурғобро баст. Аз соли 1911 то соли 1914 тамоми оби дарёи Мурғоб пурра баста шуда, ҳар сол сатҳи об 79 м баланд мешуд.
Бо гузашти солҳо об роҳ пайдо карду кам-кам аз кӯл хориҷ шудан гирифт. Ба иттилои КҲФ, ихроҷи оби дарёи Мурғоб аз кӯли Сарез ҳудуди 41-50 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Зикр шудааст, ки сатҳи оби кӯл 3263 м, дарозиаш 60 км, бари миёнааш 1,44 км, ҷойи чуқуртаринаш 500 м, чуқурии миёнааш 202 метрро ташкил медиҳад.
Дар мавриди вазъи ҳозираи Сарез КҲФ гуфт, сатҳи кӯл ба 3258,07 м баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,7 метр баландтар мебошад. Ихроҷи об аз бадани сарбанд айни замон 45,0 метри муккааб дар як сония арзёбӣ шудааст, ки нисбати нишондоди соли 2021, 3,5 метр зиёд аст.
КҲФ таъкид намудааст, ки феълан низоми муосири огоҳонидани аҳолиро роҳандозӣ намудааст, ки дар сурати рахнашавии кӯл барои тахлияи минтақа аз сокинон хидмат хоҳад кард.
Дар деҳаҳои водии Бартанг, ки наздик ба сарбанди Усой ҷойгиранд, ҷазираҳои бехавф муқаррар шуда, дар ҷойҳои бехатар анборҳои захираи аввалияи ниёзи мардум ташкил карда шудааст, илова намуд КҲФ.