Оғози мусобиқаи тирпарронӣ дар Хуҷанд ба муносибати Рӯзи артиш

Шаҳрдории Хуҷанд ҳадаф гузоштааст, ки таваҷҷуҳи сокинон ба варзиши тирпаррониро таҳким бахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мусобиқаи варзишии аз рӯи намуди тирпарронӣ оғоз гардид.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа дар маҷмааи варзишии "Тир"-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он варзишгарон, мураббиён ва кормандони мактабҳои варзишӣ иштирок доранд.
"Мақсад аз баргузории мусобиқа ин баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, ташвиқи намуди тирпарронӣ, тарғиби тарзи ҳаëти солим мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро чӣ гуна ҷашн мегирад
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қонун дар бораи рӯзҳои иди Тоҷикистон, ҳамасола сокинони ҷумҳурӣ 23-юми февралро чун Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ ё худ Иди артиш таҷлил мекунанд. Одатан он чун иди мардон қабул гардида, дар ҷумҳурӣ занон мардонро бо тақдими туҳфаю оростани дастархони идона шодбош мегӯянд.
Дар сатҳи давлатӣ низ чорабиниҳои гуногуни маърифатию фароғатӣ баргузор мешаванд. Аз ҷумла соли равон дар Душанбе ҷашнвораи дуюми дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъвати аскарӣ баргузор мешавад.
Инчунин дар бархе солҳо рӯзи 23-юми феврал дар майдони Дӯстӣ, дар маркази Душанбе бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як паради идонаи низомӣ баргузор мешавад.