Бемории сурхакон дар Бадахшони Афғонистон ҷони 157 кӯдакро гирифт

Сокинони Бадахшон мегӯянд, ки 157 кӯдак танҳо дар ду вулусволии ин вилоят бар асари маризии сурхакон ҷони худро аз даст додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Сокинони вулусволиҳои марзии Кӯфи Об ва Насӣ мегӯянд, ба далели бориши барфи зиёд ва баста шудани роҳ кӯдакони мубтало ба бемории сурхаконро натавонистанд ба бемористон интиқол диҳанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба "Ariana News".
Ба гуфтаи сокинони ин минтақа, то кунун дар ноҳияи Кӯфи Об 117 кӯдак ва дар ноҳияи Насӣ 40 кӯдак аз бемории сурхакон фавтидаанд, дар ҳоле ки 600 кӯдаки дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

"Дар 22 қария 117 нафари мо бар асари маризии сурхакон ҷон бохтанд", - гуфт як узви толибон дар ноҳияи Кӯфи Оби вилояти Бадахшон.

Вақтхои охир дар ҳамин 72 қария маризие бо номи сурхакон паҳн шуд, — гуфт як сокини ноҳияи Кӯфи Об.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ: Ба мардуми Афғонистон ёрӣ расонед
Масъулини маҳаллӣ, ки барои арзёбии вазъ ба минтақаҳо рафтанд, гуфтаанд, ки бо худ як баста дору ва ваксина бар зидди сурхакон бурданд.
Раиси вилояти Бадахшон аз таъсиси як бемористони бузург барои ҳалли доимии мушкилоти беҳдоштии мардум хабар медиҳад.
Бемории сурхакон дар ҳоле сар задааст, ки бахши тандурустии Афғонистон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад, аммо толибон иддао доранд, ки талошҳои худро барои наҷоти бахши беҳдоштӣ афзоиш додаанд.