Баррасии ҳалли масоили муҳоҷиратӣ дар Забайкалие

Мақомоти Тоҷикистон чандин масъалаи муҳоҷиратӣ, аз ҷумла фароҳам овардани шароити хуби корӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Забайкалие баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тоҷикистон дар Русия, ахиран мақомоти Тоҷикистон бо роҳбари Федератсияи муҳоҷирони кишвари Забайкалие масоили муҳоҷиратиро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Ятим Давлатхоҷа, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия ва Нуриддинов Шералӣ, масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Сибир бо роҳбари Федератсияи муҳоҷирони кишвари Забайкалие Анна Вертипрахова гуфтугӯ карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дар ин дидор масоили гуногунҷабҳа дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Забайкалиеро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла зимни дидор масъалаҳои интиқоли қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба кишвари қабулкунанда, баргузории машваратҳои гурӯҳии дуҷониба дар доираи тавофуқи ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Инчунин, ба гуфтаи манбаъ, тарафҳо ҳамчунин ба масоили фароҳам овардани шароити хубу корӣ барои онҳо, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар кишвари иқомат, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷиратӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самт таваҷҷуҳи хос доданд.
Гуфта шудааст, ки мулоқоти мазкур бо пешниҳоду баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои зикршуда дар доираи ҳусни тафоҳум ҷамъбаст гардид.