Дар Тоҷикистон 4 тонна маводи нашъаовар мусодира шудааст

Соли гузашта дар Тоҷикистон 68,4 дарсад бештар аз соли қаблӣ маводи мухаддир мусодира шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шуд.
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, соли гузашта 4 тоннаю 83 килою 274 грам маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати ба соли 2020 ҳудуди 68,4 фоиз ва ё 1 тоннаю 658 килою 36 грам зиёд мебошад.
Воҳидзода зикр намуд, ки дар соли гузашта Вазорати корҳои дохилӣ 2 тоннаю 29 кг 774 гр, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 1 тоннаю 663 кг 659 гр, Агентии назорати маводи нашъаовар 357 кг 638 гр, Оҷонсии зидди фасоди молӣ 30 кг 727 гр ва Хадамоти гумрук 1 кг 121 гр маводи нашъаовар мусодира кардаанд.
ВУД иттилои даҳшатовареро дар бораи қочоқи маводи мухаддир расонаӣ кард
Илова бар ин директори агентии мазкур тавзеҳ дод, ки беш аз 53 кг моддаҳои психотропӣ низ тайи соли гузашта мусодира шудааст.
Ҳабибулло Воҳидзода тазаккур дод, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазору 537 ҳаби синтетикӣ мусодира гардид.
Ҳамзамон дар ин давра кормандони агентӣ як ҳолати муомилоти пулҳои қалбакиро ошкор карда, онҳоро, ки 8600 доллари ИМА будаанд, аз шаҳрванд Абдураҳмон Ҳамидов дарёфт ва тасарруф намудаанд.