ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Олимони дин бовар доранд, ки дар камолоти инсон се омили муҳим нақш дорад. Он аз хурдсолӣ, ҳатто гени кӯдак таъсири худро мегузорад. Волидон ҳанӯз ҳангоми интихоби ҳамсар ба тарбияи фарзанди ояндаашон асос мегузоранд.
Имоми масҷиди ҷомеи Маскав Дамирҷон Зайниддинов дар бораи омилҳои таъсиррасон дар тарбияи фарзадон ва хусусиятҳои синнусолии тарбияи онҳо бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат кард.
Ба қавли ин рӯҳонӣ, тарбияи фарзандро ҳанӯз аз замони таваллуд шуданаш бояд сар кард. Бештар аз он тарбияро бояд аз худ оғоз намуд.
“Рӯзе ба назди Имом Абуҳанифа марде омад, ки тифлаш 40-рӯза буд ва пурсон шуд, ки тарбияи ӯро аз чандсолагӣ сар кунад. Имом дар посух гуфт, ки ин мард чиҳил рӯз дер кардааст”, - посух медиҳад Зайнуддинов.
Волидон аз нигоҳи равонӣ дар назди кӯдаконашон эътибори махсус доранд, барои ҳамин ҳар коре, ки онҳо мекунанд, барои фарзанд намуна аст.
“Иҷрои рукнҳои ислом, ба монанди намозу рӯзаву садақа ва дур будан аз дурӯғу машрубот барои фарзанди хурдсол ҳамеша як барномаи тайёр аст, ки ба таври бояду шояд онро қабул мекунад”, - бовар дорад вай.
Имом се омилеро, ки дар тарбияи фарзанд - ирсият, тарбият ва ҷамъиятро, ки таъсири муҳиме ба фарзанд мерсонад, муҳим медонад.
Ӯ мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон намедонад, ки барои ба муҳити динӣ фаро гирифтани кӯдакон кадом шароитҳо мавҷуданд, аммо дар шароити Русия метавон онҳоро ба мадрасаву масҷид ва марказҳои динӣ бурд.
“Онҳо бояд ҳис кунанд, ки дар роҳи дин танҳо нестанд”, - қайд мекунад ӯ.
Смартфон низ, хоҳем ё нахоҳем, дар тарбияи фарзанд нақши муҳимро мебозад. Барои ҳамин бояд сайт ва барномаҳои дурусте пайдо кард, ки аз он фарзандонамон мустақилона омӯзанд.
Олимони ислом тарбияи кӯдакро аз нигоҳи синнусолӣ ба се давра тақсим мекунад: 7-14, 14-21, 21 ва баъд аз он.
“Ворид кардани дониши динӣ ба кӯдаконро бояд на пештар аз 7-солагӣ сар кард. Кӯдакон то 7-сола омода нестанд, ки маълумоти мантиқиву таҳлилӣ ва ҷиддиро қабул кунанд. Аз 7-солагӣ то 14-солагӣ бояд бо принсипи суҳбат ва шарҳдиҳӣ кор кард”, - қайд мекунад имом.
Аз 14-21-солагӣ ё барвақттар давраи гузариш сар мешаванд, ки онҳо на кӯдаканду на калонсол.
“Дар ҳамин синну сол эътибори волидон дар назди мекоҳад, бароияшон ҳамсолонашон, дӯстони атрофашон эътибор пайдо мекунанд. Дар ин давра бояд кӯшиш кард, ки дӯстону атрофиёнашон дар як радиф бошанд: фаҳмишҳои динӣ дошта бошанд”, - меафзояд Зайнуддинов.
Сипас аз 20-солагӣ ё ҳатто пештар бо фарзандатон мисли дӯст бошед. Бо ӯ чун як фарди комил муносибат кунед, дод задан, таҳқир карданро ба худ иҷозат надиҳед. Маслиҳатгар бошед.
“Фарзандамон ба воя ҳам расанд, барои мо кӯдак мемонад. Ӯро доим дуо бояд кард, ки дуои падару модар қабул мешавад, дар ин бора ҳадиси пайғамбар (с) аст”, - таъкид мекунад имоми масҷиди ҷомеи Маскав.