Парвандаи ду корманди мақомоти андоз дар Суғд: яке сардору дигаре мутахассис

Нисбати сардори нозироти андоз дар шаҳри Конибодом ва мутахассиси ин ниҳод дар шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Бар пояи иттилои мақомоти прокуратура, ин ду мақомдори идораи андоз барои суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва гирифтани пора гумонбар дониста мешаванд.
Амирҷон Зайниддинзода, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тафтиши парванда нисбати Ализода, сардори нозироти андози шаҳри Конибодом ва Бахтиёрзода, мутахассиси гурӯҳи хидматрасонӣ ва соҳибкорони инфиродии нозироти андоз дар шаҳри Истаравшан ба анҷом расонида шудааст.

“Ин парвандаҳо бар асоси моддаҳои 314, қисми 1 (суистифода аз ваколати мансабӣ) ва 319, қисми 1 (гирифтани пора) бандубаст ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст” – гуфт Зайниддинзода.

Феълан назари худи Ализода ва Бахтиёрзода дар бораи ин парвандаашон маълум нест.
Дар самти назорати иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи андоз давоми соли гузашта мақомоти прокуратураи Суғд беш аз 1500 санад тартиб додаанд, ки дар пайи онҳо 1073 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шудаанд.
Идомаи фасодкориҳо дар як корхонаи давлатӣ дар Хуҷанд: мудири нав низ 2,5 миллионро гирифт
Дар ин давра инчунин 34 ҷинояти марбут ба андоз ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Мақомот гуфтанд, ки ин категорияҳои парвандаҳои ҷиноятӣ ба таъмини иҷроиши қонунгузории андоз марбутанд.
Дар соли 2021 ҳаҷми нақшаи андоз дар вилояти Суғд 3,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ба буҷет 3, 8 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки аз иҷрои 108-дарсадии барнома гуфта мешавад.