Ҳамдардии Вазорати фарҳанг ба хонаводаи Аловуддин Абдуллоев

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 57- солагӣ дунёи фониро падруд гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллоев ба наздикону пайвандон ва ҳамзамон ба мухлисони ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

"Ба аҳли хонадон, хешону пайвандон, дӯстону наздикон ва мухлисони ҳунари марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил таманно дорем", - омадааст дар таслияти вазорат.

Ёдовар мешавем, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Аловуддин Абдуллоев дар синни 57-солагӣ даргузашт.
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хатлон” ва яке аз дӯстони марҳум, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, худи дирӯз бо ӯ дар мавриди омодагиҳо ба Наврӯзи соли равон, ки дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ баргузор мешавад, суҳбат карда буд.
Дар бораи сабабҳои марги ҳунарманд то ҳол хабар дода нашудааст.
Даргузашти ҳунарманди шинохта Аловуддин Абдуллоев
Намози ҷанозаи Аловуддин Абдуллоев пас аз зуҳри 17 феврал, соати 16:00 дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷ. Абдуллоев баргузор мешавад.
Солҳои охир ӯ пас аз ширкат дар озмуни истеъдодҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳайати доварон буд, дар минтақа низ маъруфияти зиёд пайдо кард.
Дар байни асарҳои машҳури ҳунарманд нақшҳои филмҳои "Бро", "Падари моҳвора", "Тӯҳмат", "Чоҳ", "Номи ҳақиқӣ" мондагор шуданд.