Дар Файзобод нимпайкараи Бозор Собирро месозанд

Қаблан дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ин ноҳия Боғи фарҳангии маркази ноҳияи мазкур ба номи шоири муосири тоҷик, Бозор Собир гузошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Интизор меравад, соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод нимпайкараи шоири зиндаёд Бозор Собир сохта шавад.
Дар ин бора бахши фарҳанги ҳукумати ноҳияи Файзобод хабар додааст.
Қаблан дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ин ноҳия Боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуда буд.
Бозор Собир 1 майи соли 2018, соати 5:10 дақиқа ба вақти Душанбе дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охири умраш он ҷо табобат мегирифт, аз олам даргузашт.
Ҳамдардии Вазорати фарҳанг ба хонаводаи Аловуддин Абдуллоев
Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба Тоҷикистон оварда шуд ва пас аз ҷаноза дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супорида шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро аз зумраи шоирони ватансаро гуфтааст, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.
"Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст. Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ - Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.