ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, зиёда аз 50 дарсади корҳои марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмир ва ободонии нақби “Истиқлол” дар Тоҷикистон анҷом ёфтааст.
Вай гуфт, ки пас аз имзои созишнома дар бораи ба анҷом расонидани корҳои таъмирӣ ва ободтар кардани нақби “Истиқлол” дар 20 январи соли 2021 дар нақб корҳои насби системаи ҳовокашӣ, рӯшноӣ, огоҳии бармаҳал ва бехатарии сӯхтор идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони нақби “Истиқлол” моҳи сентябри соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии “Собир” оғоз шуда буд. Эрон барои иҷрои ин тарҳ 31 миллион доллар ихтисос додааст, ки 10 миллион доллараш ҳамчун грант ва 21 миллион доллари дигараш ҳамчун қарз ҷудо шудааст. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ҳамагӣ 7,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Соли 2006 нақб ба истифода дода шуд, аммо солҳои зиёд бидуни системаи рӯшноӣ, низоми ҳавокашӣ кор мекард. Ронандагон шикоят мекарданд, ки ба далели ҷорӣ шудани обҳои ҷамъшуда дар дохили тунел ҳаракати нақлиёт тавассути он хатарнок аст.
Соли 2011 дар нақби "Истиқлол" корҳои обкашӣ анҷом дода шуда буд, аммо даруни он ҳанӯз торик ва намнок буд.
Моҳи январи соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Эрон созишнома дар бораи иҷрои марҳилаи дувуми тарҳи нақби “Истиқлол” имзо шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳар ду ҷониб барои маблағгузории корҳо дар нақби 5,5 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳанд кард.
Тунели "Истиқлол" дар 80-километрии шимоли Душанбе, дар миёни Душанбе ва Хуҷанд воқеъ аст. Дарозии туннел 5,2 километрро ташкил медиҳад. Нақб минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро мепайвандад.