Афғонистониҳое, ки ба Украина тахлия шуда буданд, ба Доҳа рафтанд

Гурӯҳи 44-нафарии афғонистониҳое, ки пас аз суқути давлати пешини Афғонистонро тарк карда буданд, Украинаро низ тарк карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Рӯзномаи "Washington Post" ба нақл аз як мақоми Вазорати умури хориҷии Амрико навиштааст, ки як гурӯҳи 44-нафарии афғонистониҳо, ки моҳи сентябри соли 2021 тавассути Украина аз Афғонистон ба шаҳри Киев бароварда шуда буданд, дубора ҷои зисташонро иваз карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои ин ниҳод, 9 оила бо як ҳавопаймои Қатар аз Киев ба шаҳри Доҳаи Қатар парвоз кардаанд, ки дар он ҷо санадҳои онҳо барои сафар ба ИМА санҷида мешавад.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Тоҷикистон омодааст, ба ҳама таҳдидҳои ношӣ аз вазъи Афғонистон посух диҳад
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд. Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад.
Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.