Вазири дифои толибҳо: Афғонистон хонаи амни терроризм нест

Сарпарасти Вазорати дифои толибон гуфтааст, ки Афғонистон хонаи амн барои гурӯҳҳои террористӣ нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Мулло Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти вазири дифои ҳукумати толибҳо иддаоҳо дар бораи мавҷуд будани паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад карда гуфт, ки Афғонистон паноҳгоҳи амн барои ин гурӯҳҳо нест.
Аммо аз замони ба дасти толибон расидан қудрат бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳои истихбороти хориҷӣ аз эҳёи гурӯҳи террористии “Ал-қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳушдор додаанд. Толибон дар гузашта бо ин гурӯҳҳо равобити наздик доштанд.
Ахиран Кумитаи мониторинги таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар гузорише иттилоъ дод, ки яке аз писарони Усома бин Лодин пас аз ба қудрат расидани толибҳо ва мулоқот бо раҳбарони он ба Афғонистон сафар кардааст.
Аммо толибон ин хабаррор комилан рад карданд.
Имронхон: Ҷаҳон ҷойгузини дигаре барои толибон дар Афғонистон надорад
Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, сарпрасти Вазорати дифои толибҳо ахиран дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, қаламрави Афғонистон бар зидди ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд.
Изҳороти мулло Яъқуб дар ҳолест, ки Имронхон, нахуствазири Покистон ахиран дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии амрикоӣ гуфт, ки раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон вориди Покистон мешаванд.
Созмони Милали Муттаҳид ва Дидбони Ҳуқуқи Башар борҳо дар бораи боздошт, шиканҷа, куштор ва нопадид шудани садҳо ҷангҷӯи собиқи толибон хабар додаанд, аммо толибон борҳо ин иддаоро рад кардаанд.