Теъдоди садсолаҳо дар Тоҷикистон маълум шуд

Агентии омори Тоҷикистон дар бораи теъдоди садсолаҳо дар кишвар маълумот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон 190 нафар шаҳрванди аз 100-сола боло ба сар мебарад.
Чунин маълумотро Агентии омори назди президенти Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Ҳамин тариқ дар авоили соли ҷорӣ ҷамъияти дорои синни 100 сол ва болотар аз он дар Тоҷикистон 190 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Агентии омор, 91 нафари онҳо мардон ва 99 нафарашон зан мебошанд.
Тибқи натоиҷи муқаддамотии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, аҳолии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2020 ба 9 миллиону 660 ҳазор нафар расида буд.
Аҳолии Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2010 қариб 3 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин бештар аз 4,9 миллион нафари аҳолӣ мард мебошад. Дар Точикистон зиёда аз 4,7 миллион нафар зан зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тариқ теъдоди мардон дар кишвар нисбат ба бонувон 150 ҳазор нафар зиёдтар аст.
Тибқи барӯйхатгирии охирин, тақрибан 2,5 миллион нафар ё 26,2 фоиз аз шумораи умумии аҳолии кишвар дар шаҳр зиндагӣ мекунанд.
Аҳолии деҳоти Тоҷикистон 7,1 миллион нафар ё 73,8 фоиз аст.
Дар давоми 10 соли охир аҳолии шаҳрҳо 522 ҳазор нафар ё худ 26 фоиз афзудааст. Аҳолии деҳот 1,5 миллион нафар афзуда, ки ин бештар аз 28 фоизро дар бар мегирад.