ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Русия сафораташро дар Украина аз Киев ба ҷои дигар интиқол доданӣ нест, хабар додааст РИА "Новости" бо такя ба манбааш.
"Чунин ният нест, тамоми муассисаҳои хориҷиямон фаъолияташонро идома медиҳанд. Дар нақша ҳам нест", - посух додаст мусоҳиб ба суол дар бораи тахлияи сафорати Русия дар Киев.
Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз кишварҳои ғарбӣ дипломатҳояшонро аз Киев бароварда буданд. Ин иқдом дар пасманзари шиддати авзоъ атрофи Украина ва паҳн шудани хабарҳо дар мавриди "ҳамла"-и Русия ба ин кишвар амалӣ шуданд. Аз ҷумла Бритониёи Кабир ва ИМА дипломатҳояшонро аз ин шаҳр ба берун бурданд.
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабарҳо дар мавриди "ҳамла" ба Украинро "воҳимаи намоишӣ хонд, ки мусалламан ҳеҷ асосе надорад".
Қаблан рӯзномаи "Politico" бо такя ба манобеи огоҳаш навишта буд, ки президенти ИМА Ҷо Байден дар суҳбати видеоӣ бо роҳбарони кишварҳои ғарбӣ, аъзои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО рӯзи "ҳамла"-и Русия ба Украинаро 16 феврал гуфт.
Маврид ба зикр аст, ки моҳҳои охир муносиботи Русия ва кишварҳои ғарбӣ беш аз пеш ташаннуҷ пайдо карданд. Вазъият атрофи Украина низ муташанниҷ шуд.
Вашингтон ва Брюссел Маскавро дар омодагӣ ба "ҳамла" ба Украина муттаҳам мекунанд. Дар пасманзари ин иттиҳом нерӯҳои НАТО ҳузурашонро дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ таҳким бахшиданд.
Кремл ин иддаоро бепоя хонда, изҳор медорад, ки он ҳамчун баҳона аз сӯйи ИМА ва НАТО барои таҳкими ҳузури низомияшон дар наздикии марз бо Русия истифода мешавад.
Мақомдорони сатҳҳои гуногуни Русия, то вазиру президент борҳо таъкид намудаанд, Маскав нияти ҳамла ба ягон кишвари ҳамсояи худро надорад ва ҳаракати нерӯҳо, ки боиси ташвиши бархеҳо дар Ғарб гардидааст, дар қаламрави худи ин кишвар сурат мегирад.