ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ба зудӣ ба озмоиши клиникии "коктейл аз антитело" бар зидди коронавирус иҷозат медиҳад.
Дар ин бора дар суҳбат бо РИА "Новости" раҳбари Маркази Гамалея Александр Гинсбург иттилоъ дод.
Коршиносон доруе барои COVID-19 дар асоси антителоҳои моноклоналӣ таҳия кардаанд.
Он бар зидди омикрон ва дигар штаммҳои коронавирус самаранок хоҳад буд, қайд кард Гунсбург.
Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп бо чунин дору табобат карда шуд. Ба гуфтаи сиёсатмадор, маҳз ҳамин тарзи табобат ба ӯ кумак кард, ки зудтар шифо ёбад.
Маълум аст, ки "коктейл аз антитело" барои Трамп аз ҷониби "Regeneron Pharmaceuticals Inc" сохта шудааст.
Доруи русӣ омодааст ва таҳқиқоти пешакӣ 100% самаранокии онро нишон дод.
"Маҷмуи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозати озмоишҳои клиникӣ пешниҳод карда шуд", - гуфт Гинсбург.
Қаблан "коктейлҳо аз антитело" аз ҷониби ширкати бритониёӣ-шведӣ "AstraZeneca" сохта шуда буданд. Аммо коршиносон қайд карданд, ки чунин дору ваксинаро иваз карда наметавонад.
Олимони исроилӣ, инчунин коршиносони "Pfizer" ва "BioNTech" изҳор доштанд, ки вояи пурқувваткунандаи ваксинаҳо аз омикрон ва дигар штаммҳо шароити кофии муҳофизатӣ фароҳам меорад.
Ҳамчунин дар суҳбат бо РИА "Новости" директори Маркази Гамалея дар бораи озмоишҳои ваксинаи димоғӣ бар зидди коронавирус сухан гуфт.
Дар омӯзиши ин навъи ваксина зиёда аз 50 нафар аз ихтиёриён ширкат варзидаанд. Феълан онҳо пас аз моякӯбӣ ҳеҷ мушкиле надоранд.