ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар кӯчаи Мединскаяи шаҳри Маскав муҳоҷири 23-солаи тоҷик ду корманди милисаро маҷруҳ кардааст, хабар медиҳад "Известия".
Ба гузориши манбаъ, ҳодисаи мазкур бегоҳи 15 феврал рух дод. Кормандони пулис бо даъвати яке аз сокинони бинои истиқоматӣ ба кӯчаи Мединский омадаанд. Дар ин макон миёни се нафар мард муноқиша рух додааст ва яке аз иштирокчиён бо корд мусаллаҳ будааст.
Гуфта мешавад, зимни боздошт нафари мусаллаҳ ба ду корманди милиса дарафтода, онҳоро маҷруҳ кардааст. Зимнан ба ҷойи ҳодиса воҳидҳои иловагии пулис даъват шудаанд ва кормандони интизомии маҷруҳшударо ба бемористон интиқол додаанд.
Муайян гардид, ки шаҳрванди Тоҷикистон 23-сола буда, дар Русия ҷои истиқомати доимӣ надорад.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.