Генерал Назарзода: Милитсияи пойтахт ҳамкорияшро бо сокинон тақвият медиҳад

Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни мулоқот бо фаъолону сокинон ва раисони маҳаллаҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бораи ҳамкории милитсия ва сокинон ибрози назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16фев — Sputnik. Шариф Назарзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни суханрониаш қайд кардаааст, ки маҳз шароити мусоиди фароҳамгашта ва иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ имкон дод, ки сол то сол сатҳи содиршавии ҷинояту амалҳои нописанд дар ҷомеа коҳиш ёбад.
Вай гуфт, милитсияи пойтахт бо амалигардонии тарзу усулҳои нави корбарӣ минбаъд низ пеши роҳи ҳама гуна ҷинояткориро гирифта тавонад.
Ёдрас мешавем, чанд рӯз аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон силсиламулоқоту суҳбатҳои озоду ошкори сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода бо фаъолону сокинон ва раисони маҳаллаҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Фоҳиша кам шуду ҷиноят зиёд: гузориши ВКД
Дар дидори ахир бо сокинон сардори мақомоти милитсияи пойтахт дар бораи баланд бардоштани савияи ҳуқуқию зиракии сиёсӣ, эҳёи суннатҳои миллию арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву ҳифзи марзу буми аҷдодӣ сухан гуфт.
Зимни суханрониаш ӯ қайд кард, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе, хусусан Қарори Раиси шаҳри Душанбе гурӯҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил шудаанд, ки кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дигар институтҳои ҷамъиятӣ санҷишу амалиёти муштарак ва мулоқоту суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида, маърифату одоби шаҳрдории сокинони пойтахтро баланд мебардоранд.