Ганҷҳои Тоҷикистон дар дили кӯҳҳо: аксҳои кони Селбур

Зебоии афсонавии гавҳарҳои тоҷикро дар ёддоштҳои худ Марко Поло, сайёҳи маъруфи асри XIII зикр кардааст. Дар ин аксҳо Селбур, ки яке аз калонтарин конҳои булури бунафш зеботарин — аметист мебошад, аккосӣ шудааст
Sputnik
1 / 11

Даромадгоҳи ғори гавҳардор чунин менамояд —намедонӣ, ки дар дарун чӣ ганҷҳое пинҳонанд.

2 / 11

Нақбканҳо пеш аз ҷустучӯи навбатии кони сангҳои қимматбаҳо таҷҳизотро тафтиш мекунанд.

3 / 11

Кор дар дохили кӯҳ хамеша хавфу хатар дорад.

4 / 11

Барои тай кардани роҳ дар дохили нақб беш аз як соат лозим мешавад.

5 / 11

Дар танаи кӯҳҳо сангҳои бениҳоят зебо пинҳон шудаанд.

6 / 11

Барои пайдо кардани як қабати сангҳои қимматбаҳо, бояд сахт меҳнат кард.

7 / 11

Зебоии мозаикаи кӯҳӣ аз чашми аксари одамон пинхон аст.

8 / 11

Нақбканон ба хомӯшӣ одат кардаанд.

9 / 11

Зоти сангҳои Селбур дар нури офтоб бо рангҳои гуногун медурахшад.

10 / 11

Аксҳо асрори табиати зебои зеризаминиро мекушоянд.

11 / 11

Аметист мисли кандакории табиат ба назар мерасад.

Кони аметист - Селбурро геологҳои тоҷик ҳанӯз соли 1966 кашф кардаанд. Ин воқеа баъд аз якчанд даҳсолаҳои ташкили экспедитсияи геологии Помир руй дод, ки ба тараққиёти саноати маъдани кӯҳии ҷумҳурӣ боис шуд.
Дар тӯли асрҳои зиёд дар кӯҳҳои тоҷик конҳои сангҳои киматбаҳо ба таври тасодуфӣ кашф мешуданд ва ҷустуҷӯи онҳо дар ғафсии ҷинс танҳо дар ҳамон ҷойҳое, ки аз рӯи онҳо сангҳои ранга пайдо кардан мумкин буд, бо усулҳои ибтидоӣ гузаронида мешуд.
Дар охири асри ХIХ, вақте геологҳои рус бо иштироки сокинони маҳаллӣ ба ҷустуҷӯи ашёи хоми нимқиматбаҳо дар кӯҳсори Тоҷикистон шуруъ карданд, кори ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи сангҳои ранга ба таври куллӣ тағйир ёфт.
Асбобҳои ҳунарии сангрезиро мошинҳои пармакунӣ, ки аз Русия ва Аврупо оварда шудаанд ва мошинҳои гуногуни коркарди ганҷҳо иваз карданд.
Ва аллакай дар даврони шӯравӣ бо таъсиси экспедитсияи геологӣ-иктишофии Помир дар охири солҳои 30-юми асри ХХ корҳои бузурги иктишофӣ оғоз гардид.
Дар харитаҳои геологии Тоҷикистон даҳҳо кони сангҳои нимқиматбаҳо ва ороишӣ – фирӯза, гранат, лазурӣ, кварси садбарг, авентурин, булӯри сангӣ, аметист пайдо шуданд. Яке аз манбаъҳои асосии истихроҷи аметист кони Селбур буд, ки дар акси ин мавод нишон дода шудааст.