Эрдуғон президентҳои Русия ва Украинаро ба Истанбул даъват кард

Президенти Туркия ба раисҷумҳурҳои Русия ва Украина пешниҳод кард, ки дар Истанбул мулоқоти сеҷониба баргузор кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт, дар сурати посухи мусбати владимир Путин дар Анкара ё Истанбул мулоқоти сеҷонибаи кишвардорони Туркия, Русия ва Украина баргузор мегардад.

"Ҷаноби Зеленский зимни мулоқот пешниҳоди маро қабул кард ва гуфт, агар президенти Русия низ онро ҷонибдорӣ кунад, дар Анкара ё Истанбул мулоқот хоҳем кард. Ҳоло дар суҳбатҳои телефонӣ ба президенти Русия ин пешниҳодро ироа мекунам", - афзуд Эрдуғон.

Дар Маскав нақшаҳои ташдиди авзоъ дар атрофи Украинаро, ки гӯё ба Русия нисбат медиҳанд, комилан рад мекунанд ва пайваста эълон мекунанд, ки ба касе чизе таҳдид намекунад ва ҳамаи ин изҳоротҳо барои ҷойгир кардани техникаи низомии НАТО дар наздикии марзҳои Русия баҳона мешаванд.
Мутобиқи барнома. Баҳси Путину Шолтс дар бораи ҷанг
Тавре вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан гуфта буд, Русия ҳеҷ гуна баҳонае барои вазъ дар атрофи Украина эҷод намекунад.
Дар ҳамин ҳол Кремл низ изҳор дошт, ки ИМА ва НАТО ин хабарҳои бардурӯғро эҷод карданд.
Изҳоротҳо дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина новобаста аз бозгашти нерӯҳои ин кишвар ба макони худ пас аз анҷоми тамринҳо идома доранд.
Рӯзи душанбе Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷӣ ва Сергей Шойгу, вазири дифои ин кишвар мулоқот анҷом дод. Вазири дифои Русия дар мулоқот бо Путин хабар дод, ки "қисме аз ин машқҳо дар ояндаи наздик анҷом хоҳанд шуд".