Амрикоиҳо мегӯянд, Байден пас аз муроҷиат ба русҳо онҳоро шарманда кард

Хонандагони АВС "News" кишвардори Амрикоро пас аз муроҷиати ӯ ба шаҳрвандони Русия шармандаи олам номиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Хонандагони вебсайти шабакаи телевизионии амрикоии ABC "News" пас аз суханронии навбатии Байден дар бораи "таҷовуз"-и Русия ба Украина аз раисҷумҳури Амрико ноумед шуданд.
Бисёриҳо бар ин назаранд, ки Вашингтон вазъро дидаву дониста ба ҳадде вахим ҷилва дод, дар ҳоле ки Русия қариб бидуни талош пирӯз шуд.
"Ман инро чанд рӯз пеш гуфта будам. Ҳеҷ ҳамлае нахоҳад буд. Рӯзи сешанбе Русия гуфт, ки қисме аз нерӯҳои худро аз марзҳои Украина берун мекунад. Дар Амрико таваррум ба ҳадде боло шудааст, ҷинояткорӣ дар ҳоли афзоиш аст, қариб як миллион нафар қурбони коронавирус мешаванд, мардум аз ин гуна ҳукумат сер шудаанд", - навиштааст "Hope21".
"Соаташро ҳам фаҳмед": шӯхии Путин ҳангоми шунидани хабари "ҳамла" ба Украина
"Чаро танҳо ИМА дар бораи ногузирии ҳамлаи Русия ба Украина ҳарф мезанад?" — пурсид Бейли Олив.
"Путин танҳо бо Ғарб бозӣ мекунад, вай ҳамла карданӣ нест, аммо намехоҳад, ки нерӯҳои НАТО дар Украина бошанд (чунон ки мо нерӯҳои шӯравӣ дар Кубаро намехостем). Ҳамаи ин танҳо нархи нафту газро боло бурд. Ҳамин тавр ин як ғалаба барои Русия ва талафоти бузург барои истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон шуд. Ташаккур ба шумо барои интишори чунин як ҳикояи бузург, гарчанде ки ин ҳеҷ гоҳ набуд," - навиштааст Enough.
Ҳамчунин Карл Саммерс ном корбар навиштааст, " бори дигар Байден худро масхаракунандаи тамоми ҷаҳон нишон дод... лаънат, онҳо ҳам дар Корея ва ҳам дар Чин ба ӯ механданд. Таҷовуз набояд ҳеҷ гоҳ рӯй диҳад.

"Ҳар қадаре ки Байден "гургҳо, гургҳо!" фарёд занад, ҳамон қадар аблаҳтар менамояд. Бояд эътироф кунед, ки шумо мисли Афғонистон хато кардаед", - изҳор дошт Exposethemall.

Қаблан Байден дар муроҷиат ба шаҳрвандони Русия гуфта буд, ки ба хоҳиши русҳо барои ҷанг бо Украина бовар надорад. Дар ҳамин ҳол ӯ бори дигар гуфт, ки эҳтимоли "ҳамла" боқӣ мондааст ва хостори ҳалли дипломатии вазъ шуд.
Тайи як моҳи ахир расонаҳои ғарбӣ борҳо рӯз ва ҳатто замони "ҳуҷум" ба Украинаро таъйин кардаанд. Рӯзномаи бритониёии "The Sun" бо такя ба хадамоти кашфи Амрико гуфтааст, ки ҳамлаи нерӯҳои Русия рӯзи 16 феврал, соати сеи субҳ оғоз мешавад.
Дар вокуниш ба чунин изҳорот котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков шӯхиомез гуфт, шаҳрвандони Украина бояд соати зангдор фаъол кунанд, то дар хоб намонанд.