ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар соли 2021 Тоҷикистон содироти ангишти ватаниро қариб 10 баробар афзоиш дод, гуфт Шавкат Бобозода, раиси Оҷонсии содирот дар нишасти матбуотияш дар Душанбе.
Ба гуфтаи вай, соли қаблӣ ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 30 ҳазор тонна ангишт содир шудааст.
"Ангишти Тоҷикистон асосан ба Афғонистон, Покистон, Ӯзекистон ва Қазоқистон содир мешавад. Бештари содирот ба Афғонистон рост меояд", - гуфт раиси оҷонсӣ.
Бобозода афзуд, "самти нави содирот" дурнамои бузург дорад ва дар оянда суръати содиротро афзоиш хоҳанд дод.
Дар мавриди истихроҷи ангишт дар кишвар, гуфта мешавад, дар 11 моҳи соли 2021 он беш аз 1,9 миллион тоннаро ташкил додааст.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 6,3 миллиард доллар будааст.
Дар муқоиса бо соли 2020 ин 39,5% зиёд ё 1,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Содироти молҳои гуногун низ афзоиш ёфта, беш аз 2,1 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 52,8 фоиз ё 742,7 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар содироти молҳо фурӯши металҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маъданҳои фоиданок ва консентратҳо, инчунин нахи пахта бештар аст.
Дар робита ба воридоти молҳо афзоиши назаррас мушоҳида мешавад. Дар маҷмуъ ба маблағи 4,2 миллиард доллар маҳсулот ворид карда шудааст.