ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik, Наталя Дембинская. Саноат, савдо, банкҳо зарар мебинанд. Аз масъулини энергетикӣ хоҳиш карда мешавад, ки оташи худро муътадил созанд: сарфи назар аз ҳама кӯшишҳои иваз кардани он алтернативаи гази Русия вуҷуд надорад.
Зинаи аввалӣ
Таҳдидҳо ба Маскав аз Вашингтон ва Брюссел ба гунаи сахттар садо медиҳанд: SWIFT-ро аз системаи ҷаҳонии иртибототи байнибонкӣ қатъ кунед, дастрасии бузургтарин муассисаҳои қарзӣ ба бозорҳои молиявиро манъ ва ба маблағҳои Сандуқи Байналмилалии Пул мораторий эълон кунед. Бритониё аллакай заминаро ба таври қонунӣ омода кардааст, агар ташаннуҷ афзоиш ёбад, Лондон метавонад дар нисбати ҳама гуна шахс ва ширкат маҳдудият ҷорӣ кунад.
Бо вуҷуди ин иқтисоддонҳои ғарбӣ ҳушдор медиҳанд, ба назар намерасад, ки аврупоиҳо натиҷаи ин амалро барои Аврупо хуб арзёбӣ накардаанд. "Файнэншл тайм" кайд мекунад, ки Маскав козерҳои хеле пурқувват дорад. Ва агар зарур бошад, онҳо, албатта, истифода хоҳанд шуд. Масалан, бо роҳи кам кардани таъминоти газ.
Дар Британияи Кабир беш аз нисфи маводи сӯхт аз Норвегия, Қатар ва Русия ворид мешавад. Таҳлилгаронеро, ки “Financial Times” пурсидааст, бар ин назаранд, ки то соли 2030 ин рақам то 70 дарсад ва то соли 2040 ба 80 мерасад. То соли 2050 тавлидоти худӣ дар баҳри Шимолӣ танҳо 15 дарсади ниёзҳои дохилиро қонеъ карда метавонад.
Воқеан, саволи асосӣ ин аст, ки Аврупо ба чӣ гуна таҳриме қодир аст? Дар бахши энергетика вобастагӣ хеле зиёд аст: 46 дарсади гази табиӣ аз Русия ворид мешавад. Ба гуфтаи COFACE, як ширкати байналмилалӣ, ки дар соҳаи суғуртаи хатарҳои марбут ба фаъолияти тиҷоратӣ ва иқтисодии хориҷӣ фаъолият менамояд, маҳдудиятҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба зӯр метавон “силоҳ” арзёбӣ кард.
Нафт ҳам ба ҳамин вазъ рӯ ба рӯст. Тавре COFACE қайд мекунад, ҳама гуна маҳдудият дар ҷараёнҳо боиси тағйири ҷиҳати онҳо мегардад. Ин дар навбати худ боиси болоравии нарх ва ба бозори боркашонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар лӯлаҳои Украина: Дружба - Ҷанубӣ ва Одесса – Броди - Плотск, ки корхонаҳои коркарди нафтро дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ таъмин мекунанд, метавонад қатъ шавад.
Дар тамоми ҷабҳаҳо
Ва ин танҳо дар бораи энергия нест. Русия бузургтарин тавлидкунандаи алюминий (шаш дарсади бозори ҷаҳонӣ) ва мис (тақрибан даҳ дарсад) аст.
Дар баробари буҳрони ашёи хом дар ҷаҳон аллакай норасоии шадиди металлҳои саноатӣ мушоҳида мешавад. Қарордодҳои спот дар биржаи Лондон боло рафта истодаанд. Тоҷирон омодаанд, ки танҳо барои зудтар ба даст овардани мол мукофоти калон диҳанд.
Николас Сноудон, таҳлилгари “Goldman Sachs” мегӯяд, "вазъият ҳоло шадид ва бесобиқа аст. Таъминот ба афзоиши талабот умуман посух намедиҳад".
Ин натиҷаи халалдоршавии логистикӣ ва ковид дар ду соли охир аст.
Захираи мис дар биржаҳои асосии молӣ ба зӯр аз 400 ҳазор тонна мегузарад, ки барои як ҳафта кофӣ нест. Алюминий низ ба охир мерасад, зеро корхонаҳо дар Аврупо ва Чин аз сабаби афзоиши хароҷоти нерӯи барқ истеҳсолотро коҳиш медиҳанд.
Тибқи пешгӯии “Русал”, касри алюминий дар соли 2022 метавонад 1,6-1,7 миллион тоннаро ташкил диҳад. Тавре ки дар COFACE таъкид шудааст, маҳдудиятҳои минбаъдаи таъминот эҳтимоли зиёдшавӣ доранд.
Қатъ шудани Маскав аз низоми пардохтҳои байнулмилалӣ ва ё маҳдуд шудани дастрасӣ ба доллар низ пешгӯии хубе надорад. Контрагентҳои аврупоӣ дар Аврупо зарар мебинанд. Ва Русия панҷумин бозори содиротии ИА аст.
Дар ниҳоят FT таъкид мекунад, ки агар маблағҳои калон дар суратҳисобҳои шахсони ҳуқуқии Русия масдуд карда шаванд, бонкҳо зиён мебинанд. Қарзи корпоративии Русия аз созмонҳои қарзии Иттиҳоди Аврупо тақрибан 60 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки аз қарзи Амрико тақрибан чаҳор маротиба бештар аст.
Ҳамин тариқ нашрия таъкид мекунад, Иттиҳодияи Аврупо дар муқоиса бо Маскав, ки барои коҳиш додани хароҷоти ҳар гуна амали номатлуби Ғарб фаъолона чораҳо меандешад, ба маҳдудиятҳои бадтар рӯ ба рӯ мешавад.
Бидуни ҷойгузин
Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳида интиқоли LNG ба ИА-ро ба сатҳи рекордӣ афзоиш додааст. Илова бар ин Вашингтон аз дигар кишварҳо даъват мекунад, ки ба аврупоиҳо ҳама гуна "ёрии газӣ"-ро расонанд. Тавре сарвари дипломатияи ИА Ҷозеп Боррелл чанд ҳафта пеш гуфта буд, роҳҳо ва манбаъҳои воридотро диверсификатсия кардан лозим аст. Аз ин рӯ Брюссел бо Қатар, Озарбойҷон, Алҷазоир дар тамос аст.
Роналд Смит, таҳлилгари аршади нафту гази BCS “Global Markets” гуфт: "Ҳақиқати талх ин аст, ки ҷонишине барои гази Русия дар Аврупо вуҷуд надорад." Ва тибқи тахминҳои Эндрю Кеннингем, иқтисоддони аршади “Capital Economics”, дар сурати муноқиша байни Русия ва Украина қимати газ метавонад ба осонӣ ба авҷи моҳи декабр боло равад.
Ва тибқи тахминҳои Эндрю Кеннингем, иқтисоддони аршади “Capital Economics”, дар сурати муноқиша байни Русия ва Украина қимати газ метавонад ба осонӣ ба авҷи моҳи декабр боло равад.
Мушкилоти дигар вуҷуд дорад: инфрасохтори LNG дар Аврупо кам аст. Сохтмони он тӯлонӣ ва гарон аст ва гази моеъро пештар, ҳатто алтернативаи гази лурбавӣ ҳисоб намекарданд. Ва дар ин бора ҳеҷ кор кардан мумкин нест, гуфт роҳбари ширкати “Total Energies” Патрик Пуянне. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳоло газ танҳо ба шарофати Русия кофӣ аст.
Ва ҳатто худи амрикоиҳо ҳам эътироф мекунанд, ки ин талошҳои дастаҷамъона бефоида аст. Ҳанӯз дар соли 2017 Вазорати энергетикаи ИМА дар зимни таҳлили бозори энергетикӣ то соли 2050 итминон дошт, ки дар 20 соли оянда ҷаҳони кӯҳна бидуни ашёи хоми Русия кор карда наметавонад.
Ҳамин тариқ Аврупо бояд бо Маскав муколама барқарор кунад. Дар акси ҳол, тавре ки таҳлилгарони Маркази Брюгел пешгӯӣ мекунанд, буҳрони нав имконпазир аст, ки роҳи раҳоӣ аз он "қарори мураккаб ва гаронарзиш"-ро талаб мекунад.