Толибҳо аз Бритониё боздид мекунанд: ҳадаф

Толибон барои баррасии масъалаҳои башардӯстона аз Бритониё дидан мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Як ҳайати ҳукуматии Афғонистон барои баррасии масъалаҳои башардӯстона ба Бритониё сафар мекунад.
Дар ин бора РИА Новости бо такя ба як манбаъ дар вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати вакилонро иҷрокунандаи вазифаи вазири тандурустии Афғонистон Қаландар Ибод раҳбарӣ мекунад.
Қорӣ Фасеҳуддин гуфт, артиши 10-ҳазорнафариро дар шимоли Афғонистон мустақар мекунанд
Гуфта мешавад, ки намояндагони ҳукумати Афғонистон ният доранд, ки бо мақомоти Бритониё масоили гуманитариро баррасӣ кунанд.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.