ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Муазиддин Аҳмадӣ, раиси идораи иттилоот ва фарҳанги вилояти Бадахшон гуфт, ки мақомоти маҳаллии толибон барои занон суроғаи мушаххасе таъсис додаанд, то онҳо тавонанд мушкилоти худро ба мақомоти маҳаллӣ бигӯянд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои хабарии Кобул.
Ба гуфтаи вай, занон бо ҳифзи арзишҳои исломӣ метавонанд дар ҳама бахшҳо дар ҳукумати толибон хидмат кунанд.
Дар ҳамин ҳол Нисо Мубориз, намояндаи тозатаъйини занон дар вилояти Бадахшон гуфтааст, ки занон дар ҳукумати сарватманд соҳиби унвони аъло шудаанд, вале онҳо рӯзгори худро пеш бурда, вазифаи худро иҷро карда натавонистанд.
Хонум Мубориз ҳамчунин гуфт, ки бекорӣ дар низоми қаблӣ боис шудааст, ки теъдоди зиёди занон ба нашъамандӣ гирифтор шаванд.
Ӯ ваъда дод, ки занони нашъамандро аз шаҳри Файзобод ҷамъоварӣ намуда, пас аз табобат онҳоро бо ҷойи кори беҳтар таъмин хоҳанд кард.
Аз таъйиноти толибон занону духтарони Бадахшон истиқбол кардаанд ва онҳо умедворанд, ки маҳдудиятҳои дигар аз байн бурда мешаванд.
Ин нахустин зан дар ҳукумати толибон аст. Аз замони ба қудрат расидани ҳукумати толибон тамоми мансабдорони зан ва кормандони идораҳои давлатӣ бекор мондаанд.