ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Датари матбуоти мақомоти вилояти Суғд дар истинод ба Палатаи савдо ва саноати вилоят хабар додааст, ки маҳсулоти ватании ширкати “Машруботи Суғд” дар озмуни “Маҳсулоти беҳтарин”, ки дар доираи намоишгоҳи "ProdExpo-2022" дар шаҳри Москва доир шуд, соҳиби 2 медал гардидааст.
Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо "ProdExpo-2022" аз 7 то 11 феврал дар шаҳри Маскави Русия баргузор гардид.
Дар ин намошгоҳ корхонаҳои истеҳсолӣ, ки аъзои Палатаи савдо ва саноат буда, ба истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ, меваҳои хушк, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, иштирок намуданд.
Бояд гут, ки “ProdExpo-2022” бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ ва нӯшокиҳо дар Русия ва Аврупои Шарқӣ арзёбӣ гардида.
Дар ин намоишгоҳ дар шаҳри Москва беш аз 2000 иштирокчӣ аз 54 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Бояд гуфт, ки аксари маҳсулоти содиротии кишвар ба Русия врид мегардад ва дар бозорҳои ин кишвар дида мешавад. Миёни мардуми Русия маҳсулоти Тоҷикистон маҳбубият дорад.