Чаро ҳангоми ошиқ шудан моро эҳсоси гуворо фаро мегирад: посухи пизишк

Сухан дар бораи вокуниши системаи асаб, вақте ки хун ба узвҳои шикам мешитобад, меравад. Пизишк таъсири ошиқиро ба организми инсон шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Эҳсоси "шабпаракҳо дар меъда" ҳангоми ошиқ шудан аз сабаби афзоиши сатҳи ҳормонҳои хурсандӣ ба вуҷуд меояд.
Дар ин бора, Екатерина Шереметева, корманди пешбари Маркази миллии тадқиқоти тиббии эндокринологияи Вазорати тандурустии Русия, дар суҳбат бо ба РИА Новости гуфтааст.
"Аз нуқтаи назари тиббӣ, ин як аксуламали системаи асаб мебошад, ки бо афзоиши сатҳи эндорфинҳо ва дигар ҳормонҳои хурсандӣ алоқаманд аст ва ҷараёни хунро ба узвҳои шикам афзоиш медиҳад. Ин ҳормонҳо на танҳо аз омилҳои беруна, балки аз хотирахои гуворо ҳам пайдо мешаванд", - гуфт Шереметева.
Равоншинос нишонаи асосии хиёнат ба ҳамсарро гуфт
Вай фаҳмонд, ки тестостерон ба хоҳиши ҷинсӣ ва хаёлоти эротикӣ таъсир мерасонад. Эстрогенҳо ба қаноатмандии ҷинсӣ ва либидҳо мусоидат мекунанд. Окситотсин ҳамчун ҳормони ошиқ шудан, ишқ ва эътимод маълум аст, маҳз ӯ марду занро ба бӯсидан водор мекунад.
Дар оғози давраи ошиқшавӣ, допамин дар ошиқон фаъолона тавлид мешавад, ки ба шарофати он шахс эҳсосоти мусбӣ дорад.
Вақте, ошиқ ишқашро мебинад, адреналин эҳсоси хуберо ба вуҷуд меорад.
Вазопрессин барои зуҳури муҳаббат масъул аст, агар сухан дар бораи ишқи баркамол равад ва эндорфинҳо "молекулаҳои муносибатҳои дарозмуддати ишқӣ" мебошанд, шарҳ дод Шереметева.