Имронхон: Ҷаҳон бояд бо толибон таомул кунад

Нахуствазири Покистон аз ҷаҳон хост то бо ҳукумати мувақати толибон таомул кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имронхон, нахуствазири Покистон, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN аз давлати Амрико хост, сиёсати мавҷудашро дар бархӯрд бо Толибон тағйир диҳад ва бо онҳо ҳамкорӣ кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Нахуствазири Покистон афзуд, ҷаҳон дер ё зуд толибонро эътироф хоҳад кард.
Қаблан нахуствазири Покистон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда буд, ки ба мардуми Афғонистон кумак кунанд.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст. Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Кушта шудани се тан аз нигаҳбонони Ҳамиди Хуросонӣ дар Панҷшер
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд. Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад.
Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.