Абдуғаффор Раҳмонзода барои татбиқи санадҳои ҳамкорӣ ба Ӯзбекистон сафар кард

Гурӯҳи корие аз Тоҷикистон ба хотири татбиқи санадҳои ҳамкорӣ ва омӯзиши таҷриба дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба Ӯзбекистон сафар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар доираи татбиқи санадҳои ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон айни замон ҳайати гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдуғаффор дар сафари корӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.
“Сафари гурӯҳи кории вазорат аз 14 то 18 феврал идома ёфта, мақсади асосии он омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ӯзбекистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳамзамон табодули таҷриба дар расонидани кумаки амалӣ ҷиҳати бакортаъминкунии хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ мебошад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки 14 феврал ҳайати гурӯҳи кории вазоратро муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон Эркин Муҳиддинов қабул намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ кардаанд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон корхонаҳои муштараки атласу адрас бунёд мекунанд?
Дар ин қабул ҳайати гурӯҳи кории вазоратро сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ҳамроҳӣ намуд.
Манбаъ илова кардааст, ки дар ҳоли ҳозир сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба Ӯзбекистон идома дорад.