Шуморе аз сокинони Мазори Шариф, ки пайвандонашон дар ин бемористон бистарӣ ҳастанд, шароит нохуб будан шикоят доранд.
Пизишкон аз норасоии баллонҳои кислород шикоят доранд ва аз Вазорати тандурустии кишвар дархост кардаанд, ки ҳарчӣ зудтар ин мушкилро ҳал намоянд.
Аз сӯйи ҳам пизишкони дар ин шифохона бо нигаронӣ аз афзоиши мубталаён ба коронавирус мегӯяд панҷ моҳ мешавад маошашонро дарёфт накардаанд ва ба мушкилоти сахти иқтисодӣ рӯбарӯ шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан сухангӯи вазорати тандурустии толибҳо набудани таҷҳизот ва бетаваҷҷуҳии мардум ба тавсияҳои беҳдоштиро яке аз мушкилоти ҷиддӣ хонда ва гуфт, ки ин яке аз нигарониҳои ҷиддии масъулони ин вазоратхона аст.
Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон мегӯянд, дар Афғонистон имкон дорад, мавҷи чаҳоруми корона оғоз шавад.