Шарҳи ВУХ Русия дар бораи ҳимояи кишварҳои ИДМ аз сӯйи СААД

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи сиёсати хориҷии кишвар нисбати ҳамсояҳои наздиктаринаш ибрози андеша кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Михаил Евдокимов, роҳбари Департаменти якуми ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ин кишвар ният дорад, тавонмандиҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро (СААД) боз ҳам афзоиш диҳад.
Чунин тадбирҳо ба таъмини амнияти ҳам худи Русия ва ҳам барои ҳамсояҳои наздиктарини он марбут мешаванд.
"Ҳадафи мо таҳкими низоми амнияти дастаҷамъии СААД, ҳамчунин таҳкими иқтидори он ба хотири каолати ҳифзи амнияти Русия ва муттаҳидонаш дар ҳама гуна таҳаввулоти низомию сиёсӣ дар ҷаҳон ва минтақа мебошад", - таъкид кард дипломат.
Шарҳи ВУХ Русия дар мавриди эҳтимоли васеъшавии СААД
Евдокимов инчунин хоҳиши Маскавро барои хифзи сулҳ, мустаҳкам намудани амният, субот ва некӯаҳволии иҷтимоию иқтисодии кишварҳои иттиҳод қайд намуд.
Ба гуфтаи вай, ин иқдом ба хотир рушди минтақаи озоди тиҷорат дар доираи ИДМ, таҳкими ҳамоҳангии сиёсӣ ва пешбурди сиёсати ҳамоҳангшудаи муҳоҷират аст.
Ёдовар мешавем, ки СААД 15 майи соли 1992 бо имзои Созишнома дар бораи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил шуд.
Соли 1993 Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба СААД пайвастаанд. Аммо Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбакистон аз ин созмон хориҷ шуданд.