Омодагии Донишгоҳи байналмилалии Албухории Малайзия барои қабули донишҷӯёни тоҷик

Донишгоҳи байналмилалии Албухории Малайзия омодааст, 30 шаҳрванди Тоҷикистонро дар зинаи бакалавр ба таҳсил фаро гирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Донишгоҳи байналмилалии Албухории Малайзия омодааст, донишҷӯёни тоҷикро дар зинаи бакалавр аз рӯи ихтисосҳои идоракунии тиҷорат, идоракунии тиҷорат дар соҳаи маркетинг, идоракунии тиҷорат дар соҳаи менеҷмент, иқтисодиёт, молия, илмҳои компютерӣ ройгон қабул намояд, иттилоъ додааст Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Инчунин тибқи иттилои манбаъ, ин донишгоҳ омодааст, донишҷӯёни тоҷикро аз рӯи ихтисосҳои сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ, таълими томактабӣ, таълими миёнаи умумӣ, воситаҳои ахбори омма ва коммуникатсия, рушди ҷомеа дар соли таҳсили 2022-2023 қабул намояд.
Вазорати маориф гуфт, ки дар куҷои Тоҷикистон камбуди шадиди омӯзгорон вуҷуд дорад
Гуфта шуда, ки сохтори мактаби миёнаи Тоҷикистон 11 сол мебошад ва тибқи талаботи Малайзия (таҳсил дар мактаби миёна 12 солро ташкил медиҳад), барои таҳсил дар донишгоҳ шаҳрванди Тоҷикистон бояд як соли дигар (курси тайёрӣ) таҳсил намояд ва ҷониби Малайзия арз доштааст, ки омодааст, шароити таҳсилро дар зинаи “курси тайёрӣ” ва барои довталабоне, ки забони англисиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд, курсҳои забони англисиро ҳангоми таҳсил дар зинаи (курси тайёрӣ) дар асоси бурсияи донишгоҳ (пас аз суҳбат бо довталаб) фароҳам намояд.
Таъкид шудааст, ки қарори ниҳоии қабули довлатаб барои бурсияи мазкур пас аз суҳбат бо довталабон аз ҷониби комиссияи қабули донишгоҳ бароварда мешавад.