Мақомоти шаҳри Турсунзода: Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз як миллиард расид

Ба иттилои мақомоти шаҳри Турсунзода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта ба 1 миллиарду 53 миллион сомонӣ расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода таъкид кард, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди шаҳр мебошад.
Вай гуфт, соли сипаришуда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 1 миллиарду 51 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешӣ 170 миллион сомонӣ (19,3 дарсад) зиёд аст.
“Кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда ҳар як ваҷаб заминро ҳамчун воситаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ самараноку мақсаднок истифода намуда, дар ин соҳа таҷрибаи беқиёс доранд”,- гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин гуфт, ки дар ин давра маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 29478 тонна содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 23462 тонна зиёд мебошад.
Ба 180 нафар омӯзгору табиби шаҳри Турсунзода замин медиҳанд
Аз ҷумла, содироти помидор 12796, бодиринг 14291, пиёз 29632, ангур 24808, мева 4200 ва дигар сабзавот 18100 тоннаро ташкил дод.
Инчунин Парвиз Акрамзода афзуд, ки барои талаф наёфтан ва дуру дароз нигоҳ доштани ҳосили дастранҷи деҳқонон айни ҳол дар шаҳр 53 сардхона бо гунҷоиши 10877 тонна мавҷуд буда, ҳаҷми захираи маҳсулот ба ҳолати як январи соли ҷорӣ 790 тоннаро ташкил медиҳад.