ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Афзоиши вазни бадан ба вокуниши устувори масуният ба сирояти дубора ба коронавирус мусоидат мекунад.
Дар ин бора "Известия" бо истинод ба таҳқиқоти як гурӯҳи олимон таҳти роҳбарии духтури исроилӣ Кармит Коэн хабар медиҳад.
Якҷоя бо ҳамкасбон вай дар давоми сол дар 130 бемор вокуниши иммунии антителоҳоро пас аз беморӣ таҳлил кардааст.
Ин рақамҳо бо нишондиҳандаҳои 402 нафаре муқоиса карда шуданд, ки ду бор бо "Pfizer" ваксина шудаанд, вале ҳеҷ гоҳ COVID-19 надоштаанд.
Маълум шуд, ки пас аз як моҳи ваксинагирӣ нисбат ба онҳое, ки коронавирусро аз сар гузарониданд, зиёдтар антитело доранд.
Бо вуҷуди ин дар гурӯҳи ваксинашуда нишондиҳандаҳо хеле тез коҳиш меёфтанд.
Ин метавонад далели он бошад, ки чаро одамоне, ки ду бор ваксина гирифтаанд, ҳеҷ гоҳ коронавирус надоштанд, пас аз шаш моҳ тезтар сироят меёбанд.
Таҳқиқот инчунин нишон дод, ки антитело дар беморони барқароршуда бо вазни аз 30 ё баландтар (диапазони фарбеҳӣ) дар ҳама вақт дар муқоиса бо онҳое, ки аз 30 камтар (вазни зиёдатӣ то диапазони муқаррарӣ) баландтар буданд.
Ҳамин тариқ, одамони фарбеҳе, ки аз COVID-19 шифо ёфта буданд, аз сирояти дубора беҳтар муҳофизат шудаанд.