ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ин масъала дар дидори Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати иқтисод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни ду кишвар баррасӣ шуд.
Завқӣ Завқизода дар ин дидор қайд кардааст, ки муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
“Дар натиҷаи иҷрои супориши сарони ҳар ду давлат гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2021 то ба 121 млн. доллари ИМА ё 2 маротиба нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфт”, - зикр кард вазири рушди иқтисоди кишвар.
Гуфта шудааст, ки тарафҳо барои истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба таҳияи харитаи роҳ барои афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 миллион доллар ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон омодагии худро баён намуданд.
Дар навбати худ Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе аз вазири рушди иқтисод хостааст, ки зимни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла Чобаҳор ва шаҳракҳои саноатӣ дар Қазвину Машҳад ва вилояти Хуросон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Эрон дар ин самт боздид намояд.
Ҳамчунин тарафҳо зимни мулоқот омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.