Ҷумъаи хунин: таркиши маргбор дар як масҷиди Афғонистон

Инфиҷор дар наздикии масҷиди вилояти Афғонистон кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бар асари таркиш дар назди масҷиде дар вилояти Бодғиси Афғонистон дастикам 8 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Aamaj News" бо такя ба шоҳидони айнӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ҳамзамон 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин таркиши маргбор дар шаҳри Қалъаи-Нав, воқеъ дар шимолу ғарби Афғонистон рух додааст.
Дастгоҳи тарканда дар баромадгоҳи масҷид ба кор даромадааст.
Даҳшат: нуҳ хонанда дар Нангарҳор қурбони як таркиш шуд
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркиш замоне сар зад, ки намозгузорон баъд аз намози ҷумъа масҷидро тарк мекарданд.
То кунун ҳеҷ як гурӯҳи террористӣ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.
Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли гузашта бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳои Афғонистон дар маҷмуъ беш аз 250 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.