Ба 180 нафар омӯзгору табиби шаҳри Турсунзода замин медиҳанд

Мақомоти шаҳри Турсунзода эълон кардаанд, ки то Ҷашни Наврӯз ба 120 омӯзгор ва 60 табиби эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои дастгирӣ намудани омӯзгорону табибон дар шаҳр то Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба 120 нафар омӯзгор ва 60 нафар табиб қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақдим мешавад.
Ба гуфтаи вай, омӯзгорону табибоне, ки барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ пешниҳод гардидаанд, дар ҳақиқат эҳтиёҷманданд.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ Парвиз Акрамзода зикр кард, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 427 иншоот ба истифода супорида шуд.
"Дастгоҳ надорем": Абдуллозода аз вуҷуди омикрон дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард
“Аз ин иншоот 21 ададаш корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки дар онҳо 2083 нафар сокини шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд”, - гуфт раиси шаҳри Турсунзода.
Ҳамзамон дар ин нишаст қайд гардидааст, ки солҳои 2022-2026 дар шаҳри Турсунзода шумораи корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ аз 50 ба 80 адад расонида хоҳад шуд.