Муҳриддин: Итминон дорам, ки равобити Тоҷикистону Эрон густариш меёбад

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтои эронии худ фаро расидани чиҳилусеввумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро табрик гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар як паёме ҳамтои эрониашро бо чиҳилусеввумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ табрик кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар паёмаш ба Ҳусейн Амирабдуллоҳиён таъкид кардааст, ки итминон дорад, дар партави арзишҳои дустӣ ва бародарӣ, муштаракоти таърихӣ ва тамадунии мардумони ҳамзабони ду кишвар равобити Тоҷикистону Эрон густариш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар паёми табрикотӣ ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бар густариши ҳарчи бештари равобити дуҷониба байни ду кишвар таъкид кард.
Азми Тоҷикистону Эрон барои то ним миллиард доллар расонидани савдои тарафайн
Муҳаммадтоҳир Зокирзода бо итминон изҳор дошт, дар партави арзишҳои дустию бародарӣ, муштаракоти таърихии мардумони ҳамзабон ва ҳамфикри Тоҷикистону Эрон, муносибати байнипарлумонии ду кишвар пайваста тавсеа ёфта ва заминасози ҷанбаҳои ҷадиди созанда шуда, тавсеаи бештар пайдо хоҳад кард ва сабаби густариши беш аз пеши ҳамкориҳо дар ҳавзаи қонунгузории ҳар ду тараф бо дастовардҳои эътимодбахш хоҳад шуд.
Инқилоби Исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии Имом Хумайнӣ бунёнгузори кабири Эрон ба пирӯзӣ расид.