ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон гуфт, дар ҷомеаи суннатии кишвар бисёре бо шунидани номи дискотека фаҳшу фуҷурро мефаҳманд.
Раҳмонзода ба суол, ки оё афзоиши чунин муассисаҳо ба ахлоқи ҷавонон таъсире надорад, посух дод, ки ҷомеа дунявист ва фаъолияти чунин муассисаҳо на хилофи қонунанду на хилофи арзишҳои миллӣ.
Вай афзуд, ки шахсан вақте ба дискотека рафт, фаҳшиеро надид. Толори торик, ҳама дар ҷои худаш, касе хоҳад рақсу бозӣ мекунад, тасвир намуд ӯ.
"Дар ҷомеи озод зиндагӣ мекунем, ҳамаро дискотека ё ҳамаро ба масҷид бурда намешавад. Хоҳӣ, масҷид рав, хоҳӣ, дискотека, хоҳӣ, китобхона, хоҳӣ, тарабхона. Давлат шароит фароҳам овардаст", - хитоб намуд Раҳмонзода.
Раиси кумита изҳор дошт, ки дар будани дискотекаҳо зуҳуроти манфиеро намебинад, ки ниёз ба ҷилавгирӣ аз фаъолияти онҳо бошад. "Нахоҳӣ, нарав", - афзуд ӯ.
"Шахсан қабул надорам, намеравам. Зану духтарамро ҳам намефиристам. Агар ягон маротиба рафта бошам, ин барои он буд, то бидонам, дар он ҷо чӣ муҳит аст. Аммо барои табиати ман созгор нест", - илова намуд Раҳмонзода.
Вай таъкид намуд, ки дар сурат будани хатар ба манфиату арзишҳои миллӣ бастани дискотекаҳо якрӯза кор аст, давлат дари ҳамаашро мебандад.
Дар мавриди интиқодҳои афзоянда дар замони пандемия, ки чаро ҳукумат масҷидҳоро басту дискотекаҳоро не, Раҳмонзода гуфт, ин сабабҳои худашро дорад.
Ӯ гуфт, аввал, одамон дар дискотекаҳо ба он теъдоде нестанд, ки дар масҷидҳо ҷамъ меоянд. Дуюм, ба масҷид асосан насли калонсоли 50-60-сола мераванд, ки гурӯҳи осбепазир аз коронавирусанд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш такрор намуд, табиати инсонист, ки ҳар кас ихтиёру интихоби худро дорад ва намешавад, ҳамаро ба масҷид бурд ва ё баръакс ба дискотека. Ӯ муҳим хонд, ки бо чунин табиати инсонӣ бояд созиш кард.