ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Барои тамошои бархе аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон QR-код ҷорӣ мешавад.
Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
"Мо болои таҳияи кадастри нави мавзеъҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон кор карда истодаем, ки дар он кодҳои QR бо иттилооти зарурӣ насб мешаванд", - гуфт ӯ.
Тоҷиддин Ҷӯразода тазаккур дод, ки дар чорчӯби рақамисозӣ такмили харитаҳои роҳ, ки бо кодҳои QR фаъолият мекунанд, дар назар аст.
"Соли гузашта масъалаи рақамисозии дайри буддоии Аҷинатеппа бо сафоратҳои Ҷопон ва Курёи Ҷанубӣ баррасӣ шуда буд. Сайёҳон ва пайравони буддизм пас аз расидан ба он ҷо метавонанд аз кодҳои QR истифода баранд. Имконият дорем ва онро бо захираҳои молӣ тақвият медиҳем", — афзуд Тоҷиддин Ҷӯразода.
Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки соли 2022 аз Тоҷикистон боздид намудаанд, беш аз 296 ҳазор нафарро сайёҳон ташкил медиҳанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 15,5 фоиз камтар аст.
Зикр гардид, ки алҳол дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 300 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотел, қариб 50 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, ду пансионат ва кемпинг, инчунин чор пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба хидматрасонии сайёҳӣ машғуланд.
Ёдрас менамоем, ки пештар ҳам дар Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ шудани QR-код эълом шуда буд. Вале он замон на дар бораи QR-кодҳо дар бахши сайёҳӣ, балки дар соҳаи тандурустӣ сухан мерафт.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, "ҳоло таҷҳизоти фаннии лозима пурра ворид шудааст ва кор барои фаъол кардани он идома дорад".
Бояд гуфт, ин QR-кодҳо ба ашхоси ваксинагирифта дода мешавад.