ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко рӯзҳои 24-25 феврал аз Тоҷикистон дидан мекунад. Дар ин бора дафтари матбуотии сафорати Русия дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Маълум аст, ки Матвиенко бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад.
Ҳадафи сафари раиси Шӯрои Федератсияи Русия таҳкими ҳамкориҳои парлумонии кишварҳо гуфта мешавад. Аз ҷумла баргузории ҳафтумин Анҷумани байнипарлумонии "Тоҷикистон – Русия" ва нуҳумин Анҷумани минтақаҳои Русия ва Беларус дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки сафари Матвиенко ба Тоҷикистон мебоист нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2021 сурат мегирифт, вале ба далели вазъи эпидемиологӣ он ба таъхир афтод.
Мулоқоти қаблии раиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко тирамоҳи соли 2020 дар Маскав баргузор шуда буд.
Дар ин мулоқот Рустами Эмомалӣ раиси Шӯрои федератсияи Русияро ба Тоҷикистон даъват кард ва таклифи ӯ пазируфта шуд
Қаблан раиси Шӯрои федератсия дар чаҳорчӯби Форуми V байналмилалии "Русия - Тоҷикистон" дар моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон буд.
Ташрифи дарпешистода бо назардошти санаи ҷашнӣ махсусан муҳим мегардад, зеро моҳи марти соли 2022 аз таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ 30 сол пур мешавад.