ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский дар бемористони марказии Маскав бистарӣ шуда, таҳти назорати доимии табибон қарор дорад.
Дар ин бора дафтари матбуотии дастгоҳи марказии ҲЛДР хабар медиҳад.
"Ӯ худро хуб эҳсос мекунад. Ин ягона гапест, ки ман метавонам ба шумо бигӯям", - қайд кард раҳбари дафтари матботии ин ҳизб Александр Дюпин.
Як манбаи РИА "Новости" қайд мекунад, ки Жириновский худро хуб эҳсос мекунад ва ба фаъолияти худ идома медиҳад.
Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки Жириновский гирифтори штамми омикрони коронавирус шудааст.
Вақтҳои охир ин сиёсатмадор аз мадди назари дур монда, кайҳост, ки бо ВАО суҳбат накардааст.