ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Нархҳои баланди нафт дар ҷаҳон омилҳои сиёсию бозорӣ доранд, изҳор дошт Александр Дюков, роҳбари "Газпром нефт".
"Нархи нафт баланд аст. Омилҳои гуногун ба ин таъсир мерасонанд: ҳам бозорӣ ва ҳам сиёсӣ", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Дюков.
Ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон таъкид намуд, ки талабот ба маҳсулоти нафтӣ дар ҷаҳон меафзояд. Дюков қайд намуд, ки феълан нишондиҳандаи талабот ба сатҳи то буҳронӣ баробар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки нархи нафт дар ҷаҳон тайи соли 2021 боло рафта, дар аввали соли равон дар сатҳи беш аз 90 доллар сари як бушка савдо мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки нархи ҳар бушка нафти русиягии "Urals" дар шимолу ғарби Аврупо ҳафтаи равон аз 95 доллар гузашт.
Коршиносон мегӯянд, феълан барои нигоҳдории нархи нафти Русия интизориҳои пешниҳоди маҳдуди мол дар пасманзари барқарор шудани талабот мусоидат мекунад.
Шиддати вазъи геополитикӣ ба пешгӯиҳои нохушоянди коршиносон овард, ки интизор доранд, нархи навъи "Brent" то 120 доллар барои як баррел боло меравад.
Инчунин ба нархи нафт имконоти ОПЕК барои таъминоти мол дар ҳаҷми зарурӣ низ таъсир расонд.