ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар давраи барқароршавӣ пас аз COVID-19 аз кофеин ва дигар навъи ангезандаҳо бояд худдорӣ кард.
Дар ин бора пизишк Игор Матсокин дар суҳбат бо "Газете.ру" иттилоъ дод.
Тавре табиб шарҳ дод, пас аз сироят шудан бо коронавирус одамон аксари вақт хастагии зиёд эҳсос мекунанд ва барои рафъи он аз роҳҳои маъмули рӯҳбаландкунанда, ба монанди қаҳва истифода мекунанд.
Аммо кофеин кислотаи трифосфории аденозинро дар бадан, ки барои мубодилаи солим зарур аст, нест мекунад.
Матсокин таъкид кард, ки маъмулан пас аз омикрон захираи ин кислота дар инсон аллакай дар сатҳи хеле паст қарор қарор мегирад.
"Маҳз дар давраи барқароршавӣ, пас аз коронавирус беҳтар аст, таъсири стимуляторҳо, ки кофеинро дар бар мегиранд, ба ҳадди расонида шавад. Кофеин дар натиҷа ба афзоиши лахташавии хун оварда мерасонад. Инчунин боиси кам шудани микроэлементҳо, аз қабили калий дар хун мегардад, ки ҳамаи ин ба кори дил ва системаи дилу рагҳо таъсири манфӣ мерасонад", - гуфт табиб.
Матсокин ба онҳое, ки штамми нави коронавирусро аз сар гуаронидаанд, барои барқарор кардани нерӯ тавсия дод, ки аз хӯрдани қаҳва барои муддате парҳез кунанд. Муддате онро бо чойи сабз ё сафед иваз кардан ба фоидаи кор аст.