ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Довталабони ҷойи кор дар мақомҳои холии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бояд то 4 март ҳуҷҷатҳояшонро ба ин ниҳод пешниҳод кунанд.
Дар ин бора ВУХ бо нашри як эълон хабар дода, талабот барои ба кор пазируфтани довталабонро зикр намудааст.
Дар феҳрасти вазифаҳои холӣ 6 ҷои кор барои котибони сеюм, 12 ҷои котиби дуюм, 4 ҷои котиби якум, 4 мушовир, 1 атташе пешниҳод шудаанд. Инчунин мақомҳои муовини сардори Раёсати хизматрасониҳои консулии Сарраёсати консулӣ ва ноиби сардори Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулӣ холиянд.
Ҷойҳои кор дар бахшҳои гуногуни Вазорати умури хориҷӣ, аз ҷумла Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ, Раёсати кадрҳо, Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарраёсати консулӣ, Раёсати созмонҳои байналмилалӣ, шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО, Раёсати иттилооту матбуот ва ғайра пешниҳод шудаанд.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ, музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе ва котиби сеюм 1380 сомонӣ, барои котиби дуюм 1519 сомонӣ ва котиби якуму мушовир 1847,60 сомонӣ муайян шудааст.
Музди меҳнати заминавӣ барои муовинони сардори раёсат дар мақомоти умури хориҷӣ 2258,80 сомонӣ муқаррар гардидаст. Барои довталабони ноиби сардори раёсат 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ва донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва як забони хориҷии дигар ҳастмист.
Вазорат бо нашри тафсилоти талаботу номгӯи ҳуҷҷатҳо аз довталабон хостааст, то 4 март санадҳоро ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз 33 пешниҳод намоянд.