Варзишкорони Русия дар Бозиҳои олимпӣ-2022 дар Пекин - акс

Аксҳо аз тамрин, сабқат ва тафреҳи намояндагони Русия дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин дар як гузориши тасвирие ҷамъ оварда шудаанд
Sputnik
Бозиҳои XXIV-уми олимпӣ дар Пекин то 20-уми феврал идома хоҳанд кард. Дар доираи ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарон аз қариб сад давлати дунё, аз ҷумла Русия барои 109 медал мусобиқа мекунанд. Аксҳо аз омодагию сабқати намояндагони Русияро дар гузориши Sputnik тамошо кунед.
1 / 20

Узви тими олимпии Русия, Наталя Непряева, барандаи медали нуқра дар масофаи 2x7,5 км дар риштаи скиатлон.

2 / 20

Юлия Канакина, варзишкори Русия дар риштаи скелетон пеш аз даваш дар Бозиҳои олимпии Пекин - 2022.

3 / 20

Узви тими мунтахаби Русия, Денис Айрапетян зимни сабқат дар дав ба масофаи 1000 метр дар Пекин.

4 / 20

Намояндагони Русия, Анастасия Мишина ва Александр Галлямов ҳангоми ҳунарнамоӣ дар Бозиҳои XXIV-уми олимпии Пекин.

5 / 20

Аз чап ба рост - варзишкорони Русия: Денис Спитсов, барандаи медали нуқра, Александр Болшунов, барандаи медали тило ва варзишкори финляндӣ, Ийво Нисканен, ки медали биринҷиро дар дав ба масофаи 2x15 дар риштаи скиатлон ҳангоми мусобиқаи лижаронӣ дар Бозиҳои олимпии 2022.

6 / 20

Варзишкори Русия, Елизавета Голубева ҳангоми конкитозӣ ба масофаи 1500 метр миёни занон дар Бозиҳои XXIV-уми олимпӣ.

7 / 20

Светлана Миронова, ҳангоми тамрин пеш аз дави инфиродӣ дар риштаи биатлон ба масофаи 15 километр дар XXIV-умин Бозиҳои олимпӣ.

8 / 20

Аъзои тими мунтахаб, Анна Шибанова, Анна Шохина ва Полина Болгарева (аз чап ба рост), ки аз шайбаи ба дарвозаи Канада вориднамуда дар Бозиҳои олимпии Пекин шодӣ доранд.

9 / 20

Варзишкори Русия, Роман Репилов, ҳангоми чанабозии якнафара миёни мардон дар XXIV-умин Бозиҳои олимпӣ.

10 / 20

Варзишкорони Русия, Виктория Синитсина ва Никита Катсалапов ҳангоми рақси болои ях дар Бозиҳои олимпии Пекин.

11 / 20

Узви тими мунтахаби Русия, Александр Болшунов дар анҷоми дав ба масофаи 2x15 км дар риштаи скиатлон.

12 / 20

Камила Валиева, ҳангоми ҳунарнамоӣ дар риштаи рақси болои ях дар Бозиҳои олимпии Пекин - 2022.

13 / 20

Варзишкори Русия, Андрей Соболев дар сабқати сноуборд дар XXIV-умин Бозиҳои олимпӣ дар Пекин.

14 / 20

Екатерина Катникова, узви тими олимпии Русия ҳангоми тайёрӣ ба дави инфиродӣ дар Бозиҳои олимпии Пекин.

15 / 20

Марк Кондратюк, ҳангоми ҳунарнамоӣ дар барномаи кӯтоҳи инфиродӣ миёни мардон дар риштаи рақс болои ях дар Бозиҳои олимпии Пекин.

16 / 20

Тамрини чанабозони русиягӣ, Андрей Богданов ва . Andrei Bogdanov of the Russian Olympic Committee and Юрий Прохоров дар Бозиҳои олимпии Пекин.

17 / 20

Узви тими Русия, Кристина Резтсова ҳангоми тайёрӣ пеш аз оғози дави инфиродӣ дар риштаи биатлон ба масофаи 15 км миёни занон дар XXIV-умин Бозиҳои олимпии зимистона.

18 / 20

Варзишкори Русия, Анастасия Таталина, дар финали мусобиқаи риштаи биг-эйр миёни занон.

19 / 20

Елена Серёгина дар дави ниҳоӣ ба масофаи 500 метр миёни занон дар хатти кӯтоҳ дар XXIV-умин Бозиҳои олимпии Пекин.

20 / 20

Елена Сохрякова, узви тими мунтахаби Русия баъди анҷоми сабқат миёни занон ба масофаи 1500 метр дар риштаи конкитозӣ дар Бозиҳои олимпии Пекин.